Subhiya Dilovarshoeva

Subhiya Dilovarshoeva

Дидгоҳи мо

Мо итминон дорем, ки то замоне ки ҷомеъа ба камол нарасад ва ба таври мустақил барои тағйир омода набошад, ҳеҷ гуна кӯмаки нерӯҳои хориҷӣ ва дигар омилҳои беруна дар тағйири он кӯмак нахоҳад кард. То он даме, ки худи мардум,  ҷомеъа дар роҳи расидан ба мақсади гузошташуда  ба сатҳи кофии худогоҳӣ, такомул ва устуворӣ  даст наёбад, пешрафте ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, дар ин ҷо фишанги асосӣ дониши амиқ, ташаккули тафаккури нав ва истифодаи ҳадафманд аз таҷрибаи ҷамъшуда мебошад. Бинобар ин, мо аз шаклҳои алтернативӣ ё ҷойгузини рушди омӯзиши иловагӣ, баланд бардоштани сатҳи саводи ҳуқуқӣ ва молиявӣ, омӯзиш ва ҷалби ҳар як иштирокчии фаъол дар таҳаввулу тағйироти муҳити зист фаъолона истифода мебарем. Фароҳам сохтани шароит барои ҳамгироии тамоми аъзои ҷомеа ҳамчун як субъекти фаъол дар равандҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангии минтақа, табдил додани онҳо аз корбарони ғайрифаъол ба иштирокчиёни фаъоли дигаргуниҳо аз ҷанбаҳои муҳими кори ташкилоти ҷамъиятии "Ҷуръат" мебошад. То ба имрӯз имкониятҳо ва захираҳои азими минтақаи мо пурра истифода нашудаанд, аз ин рӯ татбиқи оқилонаи онҳо кафолати муҳими баромадан аз вартаи иҷтимоӣ хоҳад шуд. Бар ин асос, вазифаи асосӣ омодасозии мардум барои иштироки бошуурона дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим мебошад, то онҳо соҳибони воқеии ҳаёти худ гарданд.